167 тыс 101 16.2 млн Общество ТВ Таджикистан

Ахбори Точикистон Имруз - 19.04.2024 | novosti tajikistana

Поделиться

Тавре иттилоъ додем, пагоҳ, 20 апрел аз соати 08:00 то 11:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз буриши кӯчаҳои Саъдии Шерозӣ – Ҳофизи Шерозӣ то дидбонгоҳи Чорбоғ ва аз дидбонгоҳи Чорбоғ ба тариқи хиёбони Рӯдакӣ то майдони «Дӯстӣ» тибқи хатсайри замимагардида манъ карда мешавад. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо мақсади баргузории Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе, ки ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе доир мешавад, қатъ мегардад. Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар мамлакат Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ: Не забываем подписаться на канал, а если понравилось - поставить Лайк

Смотрите также