1.6 млн 101 1 млрд Общество Ozodivideo

Ҷарима ва пардохтҳои давлатӣ дар Тоҷикистон зиёд мешавад

Поделиться

🟠Ҳукумати Тоҷикистон ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳоро зиёд кардааст. Ин нукта дар қонуни буҷаи соли 2024 зикр шудааст. Соли равон як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 68 сомонӣ баробар аст. Соли 2024 ин меъёр то 72 сомонӣ боло меравад. Бо зиёд шудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ҳаҷми андоз, боҷ, ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ афзоиш хоҳад ёфт. Ҳамчунин ҳаҷми пардохтҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, кӯмакпулиҳо ба камбизоатҳо зиёд мешавад. Мақомот мегӯянд, ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо назардошти беқурбшавии пул боло бурда мешавад. Мавзӯи гарон будани ҳаҷми ҷаримаҳо бо назардошти вазъи зиндагии мардум дар Тоҷикистон борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Смотрите также